Русия аксҳои маҳалли марги эҳтимолии Бағдодиро мунташир кард
(last modified Fri, 16 Jun 2017 13:28:19 GMT )
Июн 16, 2017 18:28 Asia/Dushanbe
  • Русия аксҳои маҳалли марги эҳтимолии Бағдодиро мунташир кард

Вазорати дифои Русия акси маркази фармондеҳии бомбороншудаи ДИИШ ва маҳалли марги эҳтимолии Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳи террористиро дар шаҳри Раққаи Сурия мунташир кард.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа дар аксе, ки мунташир кард, қароргоҳи фармондеҳии ДИИШ дар ҷануби шаҳри Раққа пеш ва пас аз бомборон тавассути бомбафканҳои русиро дар ихтиёри расонаҳо қарор дод. Вазорати дифои Русия эълом кардааст, бар асари ин бомборон мақомҳои аршади ДИИШ, аз ҷумла 34 мақом, 30 фармондеҳи раддаҳои мухталиф ва 300 террорист кушта шудааст. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл низ имрӯз гуфт, ки мавзӯи бомборони мақари ДИИШ ва кушта шудани эҳтимоли Бағдодӣ ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гузориш шудааст ва бо диққат ин вазъиятро пайгирӣ мекунад.

 

Барчасп