Июн 26, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти талвеҳии Амрико аз феҳристи хостаҳои муҳосиракунандагони Қатар

Вазорати умури хориҷаи Амрико бо ҳимояти талвеҳӣ аз феҳристи хостаҳои муҳосиракунандагони Қатар, бар идомаи гуфтугӯ ба унвони гоми самарбахши баъдӣ таъкид кард.

Ба гузориши Ирно, Вазорати умури хориҷаи Амрико бо судури баёнияе, бо баёни инки бароварда кардани бархе аз хостаҳои Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср барои Қатар бисёр сахт хоҳад буд, таъкид кард, дар ин ҳол заминаҳое барои идомаи гуфтугӯҳое, ки мунҷар ба роҳи ҳал шуд, вуҷуд дорад.

Панҷшанбеи гузашта, кишварҳои Арабистони Саудӣ, Иморот, Баҳрайн ва Миср феҳристе аз хостаҳои худро, ки пешшарти оғози гуфтугӯ барои оддисозии равобит бо Қатар ба шумор меравад, ба Давҳа ироа карданд .

Ин кишварҳо 10 рӯз ба давлати Қатар фурсат додаанд, то шурути 13 гона шомили мавориде ҳамчун қатъи равобити дипломатӣ бо Эрон ва қатъи ҳимоят аз Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ихвоналмуслимини Мисрро иҷро кунад .

Арабистони Саудӣ, Миср, Иморот ва Баҳрайн ва бархе дигар аз кишварҳо панҷуми моҳи июн равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ ва ин кишварро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам карданд .

 

Барчасп