Июн 29, 2017 09:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳакерҳо ба яке аз нерӯгоҳҳои ҳастаии Амрико

Мақомоти амрикоӣ аз таҳқиқ дар бораи ҳамлаи ҳакерҳо ба яке аз нерӯгоҳҳои ҳастаии Амрико хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Эй Би Си, мақомоти амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом карданд, дар мавриди ҳамлаи ҳакерӣ чанд фарди ношинос ба як системаи роёнаӣ дар яке аз нерӯгоҳҳои ҳастаии ин кишвар таҳқиқ мекунанд.

Ахбори мавҷуд феълан аз ҳак шудани системаи роёнаии бахши тиҷории нерӯгоҳ, ки ҳассосияти камтаре дар бораи он вуҷуд дорад, ҳикоят доранд.

Мақомоти амрикоӣ ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки кадом нерӯгоҳи ҳастаӣ ҳадафи ҳамла воқеъ шудааст.

Дар ин гузориш омадааст, мақомоти амрикоӣ дар ҳоли баррасии эҳтимолии ширкати афроди ғайривобаставу ҳакерҳои ношинос ҳастанд ва ҳеч изҳори назари расмӣ дар мавриди фард ё афроди эҳтимолӣ, ки дар ин ҳамла ширкат доштанд, нашудааст.

Чандин ширкати  чандмиллиятӣ низ рӯзи сешанбе дар саросари ҷаҳон ҳадафи мавҷи ҷадиди ҳамалоти сойберӣ қарор гирифтанд, ки ин ҳамалот аввалин бор дар Русияву Украина гузориш шуд.