Интиқоди сареҳи раисиҷумҳури Туркия аз давлатҳои ғарбӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i1933-Интиқоди_сареҳи_раисиҷумҳури_Туркия_аз_давлатҳои_ғарбӣ
Раисиҷумҳури Туркия аз сафари дерҳангоми Ҷон Керрӣ-вазири умури хориҷаи Амрико ба Анкара пас аз кудатои нофарҷоми Туркия, ибрози нохурсандӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 09, 2016 18:40 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди сареҳи раисиҷумҳури Туркия аз давлатҳои ғарбӣ

Раисиҷумҳури Туркия аз сафари дерҳангоми Ҷон Керрӣ-вазири умури хориҷаи Амрико ба Анкара пас аз кудатои нофарҷоми Туркия, ибрози нохурсандӣ кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, аз сафари дерҳангоми вазири хориҷаи Амрико ба Анкара, ки 45 рӯз баъд аз вуқуъи кудато дар ин кишвар анҷом мешавад, нохурсанд аст.

Ин вокуниши раисиҷумҳури Туркия ба сафаре аст, ки қарор аст, рӯзи 24 август анҷом шавад. Аммо интиқоди Эрдуғон аз давлатҳои ғарбӣ ба нохурсандии вай аз сафари ба андешаи ӯ дерҳангоми вазири хориҷаи Амрико ба Туркия хулоса намешавад.

Вай ҳамчунин дар изҳороти рӯзи душанбеи (8 август) худ гуфт, Ғарб мардуми Туркияро дар таҳаввулоти ахири ин кишвар танҳо гузошт ва чунончӣ Аврупо ба тааҳҳудоташ дар қиболи Туркия дар хусӯси лағви раводиди сафари шаҳрвандони Туркия ба Аврупо амал накунад, ин кишвар тавофуқ бо Аврупо дар хусӯси муҳоҷиронро лағв хоҳад кард.

Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз таҳаввулоти ахири Туркия, ки эҳтимоли лағви манъи эъдом дар ин кишвар тақвият шуд, 72 шарт барои лағви раводид барои тарафи Туркия дар назар гирифтааст.

Ян Клод Юнкер-Раиси комиссияи Аврупо рӯзи гузашта бо баёни ин ки таҳдидҳои Туркия дар мавриди Аврупо корсоз нахоҳад буд, гуфт, агар Туркия мехоҳад шаҳрвандонаш аз сафари бидуни раводид ба Аврупо бархӯрдор шаванд, бояд ба 72 шарти тавофуқ шуда, амал кунад.

Изҳороте, ки вокуниши сареҳ ба таҳдиди Аврупо аз сӯи раисиҷумҳури Туркия маҳсӯб мешавад, ки тайи он Эрдуғон гуфта буд, агар Иттиҳоди Аврупо ҳар чӣ сареътар раводиди Шенгенро барои шаҳрвандони Туркия лағв накунад, маҷлиси Туркия қавонини марбӯт ба тавофуқи муҳоҷиратиро тасвиб нахоҳад кард.

Воқеият он аст, ки Туркия ахиран дар тавофуқномае бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи дарёфти се миллиард евро ва ҳазфи раводиди Шенгенро барои шаҳрвандони Туркия дар қиболи иҷрои 72 шарт ва ҷилавгирӣ аз азимати оворагон аз тариқи Туркия ба Аврупо, ба тавофуқ расида буд.

Ҳамаи нохурсандии Туркия аз Ғарб албатта дар таъйид нашудани рафтори давлати Анкара пас аз кудатои нофарҷоми ин кишвар хулоса мешавад. Ба хусӯс, ки раисиҷумҳури Туркия дар интиқоди сареҳ аз вокуниши Вашингтон ва сарони кишварҳои аврупоӣ ба кудатои нофарҷом, гуфтааст, Ғарб мардуми Туркияро танҳо гузошт.

Аммо ҳамаи интиқоди Туркия аз Ғарб сирфан дар изҳороти раисиҷумҳури ин кишвар хулоса намешавад.

Норизоятии Туркия аз Ғарбро метавон дар таъҷили Анкара дар узрхоҳӣ аз Русия, ҷиҳати эҳёӣ муносибот бо Маскав пас аз сарнагӯнии ҷангандаи русӣ аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия ва сафари вай ба Русия ҷустуҷӯ кард.

Илова бар ин метавон раванди эҳёӣ муносиботи Туркия ва Русияро дар чорчӯби қаҳр ва эътирози Туркия ба рафтори Ғарб дар қиболи таҳаввулоти ин кишвар бавижа кудатои ахири ин кишвар арзёбӣ кард.

Таъкиди Эрдуғон бар нақши калидии Русия барои ҳусӯли тавофуқи сулҳ дар Сурия ва имкони ҳалли буҳрони Сурия бо кумаки иқдоми муштараки Русия ва Туркия дар ҳамин чорчӯб қобили баррасӣ аст.

Туркия узви гурӯҳи кишварҳои зидди сурӣ ба пешгомии Амрико, пас аз ҳашт моҳ таваққуфи музокирот бо Русия бар сари Сурия, шомгоҳи душанбе барои нахустин бор бо Русия, муттаҳиди низомӣ ва сиёсии Димишқ музокира кард. Михаил Богданов-муовини вазири умури хориҷа ва намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна бо Уймит Ёлчин ҳамтои турки худ дар Маскав авзои Сурияро мавриди гуфтугӯ қарор дод.

Дар ин музокирот, ки як рӯз пеш аз сафари Эрдуғон ба Русия барои музокира бо Владимир Путин ин кишвар анҷом шуд, охирин авзоъи Сурия ва раванди гуфтугӯҳои ҳалли сиёсии буҳрони ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазорати хориҷаи Русия ҳам эълом кард, ду тараф дар ин дидор бар омодагии дастгоҳи дипломатии Русия ва Туркия барои афзоиши ҳамкориҳо ва табодули иттилоот бо ҳадафи ҳалу фасли буҳрони Сурия тавофуқ карданд.

Ин равандро метавон дар қадрдонии Эрдуғон аз эъломи ҳимояти Путин аз Туркия пас аз кудатои нофарҷоми ин кишвар, то пешниҳоди ҳамкории муштараки Анкара ва Маскав барои ҳалли буҳронҳои минтақаӣ мушоҳида кард.

Маҷмуаи шароите, ки ҳокӣ аз тағйири рӯйкарди дипломотии Анкара аз ҳамкорӣ бо Ғарб ба ҳамкорӣ бо Маскав аст.