Июл 02, 2017 12:03 Asia/Dushanbe
  • Талош барои барканории Доналд Трамп ба иллати мушкилоти рӯҳиву равонӣ

Гурӯҳе аз демократҳо дар Маҷлиси намояндагони Амрико, иқдомотеро барои барканории раисиҷумҳури ин кишвар ба иллати мушкилоти рӯҳи ва равонӣ оғоз кардаанд.

     Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интернетии “Free Beacon”, Ҷеймс Раскин аз аъзои демократи Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳеро ироа кардааст, ки бар асоси он як кумитаи вижа, салоҳияти равонии Трампро баррасӣ мекунад.

   24 узви демократи дигар дар Маҷлиси намояндагони Амрико, аз ҷумла Ҷон Конерс (John Conyers)- аз аъзои Кумита қазоии Маҷлиси намояндагон ва Дебби Вассерман Шултс (Debbie Wasserman Schultz), раиси собиқи Кумитаи миллии демократҳо ин тарҳро имзо кардаанд.

   Бар асоси замима бисту панҷуми Қонуни асосии Амрико, агар раисҷумҳурӣ ба лиҳози равонӣ аз салоҳияти лозим барои анҷом додани вазоифи худ бархӯрдор набошад, бояд аз ин симат барканор шавад.

   Равонпизишкон ва бархе гурӯҳҳо дар донишгоҳҳои Амрико низ дар моҳҳои ахир ҳамвора дар бораи рафтор ва гуфтаҳои ғайримантиқии Трамп ҳушдор дода буданд.

 

Барчасп