Арабистон сардамдори тарвиҷи ифротигарӣ дар Британия
Бар асоси натоиҷи як таҳқиқот дар Британия, Арабистони Саудӣ, муҳимтарин ҳомии хориҷии ифротгарӣ дар он кишвар муаррифӣ шудааст.
Ба гузориши шабакаи хабарии BBC, Муассисаи ҷомеаи Ҳенрӣ Ҷексон, андешкадаи фаъол дар ҳавзаи равобити байналмилал эълом кард, бояд нақши Арабистон ва соири кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар тарвиҷи ифротгарӣ дар Британия ва ҳимояти молӣ аз гурӯҳҳои ҳомии ин нигариш мавриди баррасӣ қарор гирад .
Бар асоси ин гузориш, чанд кишвари ҳошияи Халиҷи Форс аз ҷумла Арабистон, ки дар садри ин феҳрист қарор дорад, бо ироаи кумакҳои молӣ ба марокизи омӯзишӣ, ки мизбони мубаллиғони ифротгаро будаанд, нақши муҳиме дар тарвиҷи ин ақоид дар Британия ифо кардаанд .
Таъмини молии террористҳо дар ҳамлаҳои террористии ахир дар Лондон ва Манчестер аломатсаволҳои бисёре барои мардуми Британия эҷод кард .
Нахуствазири Британия низ ба далели ҷилавгирӣ аз ба хатар наафтодани равобит бо Арабистон, аз интишори гузорише дар бораи иқдоми ин кишвар дар баррасии чигунагии таъмини молии ифротгароён дар дохили Британия худдорӣ кардааст .
Сафорати Арабистон дар Британия, иддаоҳои матраҳшуда дар ин гузоришро нодуруст хонд .