Талоши ҳамсари Трамп барои барҳам задани нишасти Путину Трамп
Вазири хориҷаи Амрико пас аз дидори раисони ҷумҳурии Амрико ва Русия гуфт, Мелания Трамп, бонуи аввали Амрико барои барҳам задани дидори Владимир Путин ва Доналд Трамп дар ҳошияи иҷлоси “Гурӯҳи 20” дар Ҳамбург талош кард, аммо муваффақ ба анҷоми ин кор нашуд.
Ба гузориши шабакаи “Ало-Олам”, Рекс Тиллерсон эълом кард, раисони ҷумҳурии Русия ва Амрико дидори муҳимеро дар ҳошияи иҷлоси “Гурӯҳи 20” баргузор карданд ва ҳеч як аз онҳо қасди поён додан ба ин нишастро надошт.
Тиллерсон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, ба хабарнигорон гуфт, мулоқот ва табодули назари онҳо ба сатҳе расида буд, ки ҳеч як аз онҳо намехост онро ба итмом бирасонад. Мардум пеши дар истода буданд. Ҳатто Мелания Трампро ба дохили утоқ фиристоданд то шояд ӯ битавонад ин ҷаласаро хотима диҳам кунад, аммо ӯ низ муваффақ ба ин кор нашуд.
Вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки гуфтугӯи раисони ҷумҳурии Амрико ва Русия, ки қарор буд 30 дақиқа бошад, ду соату понздаҳ дақиқа тӯл кашид.
Трамп ва Путин барои нахустин бор дар ҳошияи иҷлоси “Гурӯҳи 20” дар шаҳри Ҳамбурги Олмон бо якдигар дидор карданд.