Июл 08, 2017 20:21 Asia/Dushanbe
  • Назари мардуми Русия дар бораи давлати Башор Асад дар Сурия

Назарсанҷи дар Русия нишон медиҳад, аксари шаҳрвандони ин кишвар, ҳимояти Маскав ва ҳифзи давлати Сурияро муҳим медонанд.

Дар назарсанҷии Муассисаи амрикоии “Pew” аз шаҳрвандони Русия, 25 дарсади посӯхгӯён ҳифзи Башор Асад дар қудратро аввлавияти аслии Русия ва 25 дарсади дигар низ онро дорои аҳамият донистаанд.

Дар ин назарсанҷӣ, 22 дарсади посӯхгӯён низ гузинаи «дорои аввлавияти камтар»-ро интихоб кардаанд.

Ин назарсанҷӣ ҳокӣ аст, бо вуҷуди таъсирпазирии афкори умумии Русия аз густараи васеъи фоҷеаҳои инсонӣ дар Сурия, фақат 21 дарсади мардуми Русия дар бораи Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, нигариши манфӣ доранд.

Ин муассиса ин назарсанҷиро ба равиши ҳузурӣ ва бо мушорикати 1002 шаҳрвандони бузургсоли рус анҷом додааст.

Русия аз авохири сентябри 2015 дар қолаби ҳамкории зидди террористӣ ва бо дархости расмии давлати қонунии Башор Асад, дар Сурия ҳузури низомӣ дорад ва бо истифода аз ягони ҳаво -фазо ва бомбафканҳои худ, мавозеъи террористҳои ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусраро ҳадаф қарор медиҳад.

 

Барчасп