Июл 09, 2017 14:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Ҳизби исломии Афғонистон аз давлати Кобул

Ҳизби исломии Афғонистон ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, бори дигар аз давлати ин кишвар дар муқобили мухолифон ҳимоят кард.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, Ҳашаматуллоҳ Аршад, сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, бо ишора ба ташкили эътилофи мунтақидон Ашраф Ғанӣ гуфт, Ҳизби исломӣ дар муқобили худхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ ва масоиле, ки Афғонистонро ба сӯи тафриқаафканӣ суқ диҳад, дар канори низоми кунунии ин кишвар мубориза мекунад.

Аршад афзуд, Ҳизби исломии Афғонистон ба ҳеҷ фард ва ё ҷараёне иҷоза нахоҳад дод, ки низомро ба сӯи суқут бибарад.

Ҳикматёр -  раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон бо давлати Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2016 тавофуқномаи сулҳ имзо кард.

 

Барчасп