Июл 10, 2017 18:37 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои олии наҷоти Афғонистон ташкил мешавад

Муовини дуввуми раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон аз эъломи мавҷудияти эътилофи Шӯрои олии наҷоти ин кишвар бо ҳузури генерал Абдулрашид Дӯстум дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Муҳаммади Муҳаққиқ рӯзи душанбе гуфт, талошҳои амалӣ барои ташкили эътилофи Шӯрои олии наҷоти Афғонистон гарчи ҳануз ниҳоӣ нашуда, аммо ба зудӣ бо ҳузури генерал Абдулрашид Дӯстум ин эътилоф расман ташкил хоҳад шуд .

Ҳафтаи гузашта Муҳаммади Муҳаққиқ, Ато Муҳаммади Нур, устондори Балх ва генерал Дӯстум бо ҳузури Салоҳиддини Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон ва Муҳаммади Нотиқӣ, сарпарасти Ҳизби ваҳдати исломӣ ба раёсати Карими Халилӣ, дар Туркия барои эҷоди эътилофе ба номи Шӯрои олии наҷоти Афғонистон тавофуқ карданд .

 

Барчасп