Июл 16, 2017 15:06 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои коҳиши мувозинати тиҷории Амрико

Пешбиниҳои иқтисодӣ ҳикоят аз он дорад, ки коҳиши мувозинати тиҷории Амрико дар соли ҷорӣ бо афзоиши чашмгир ба 570 миллиард доллар хоҳад расид. Ин шохис дар поёни соли 2016 505 миллиард доллар буд.

Пешбинии афзоиши 65-миллиарддолларии коҳиши мувозинати тиҷории Амрико тайи як сол дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ваъдаи мубориза бо ин вазъиятро додааст. Вай дар даврони рақобатҳои интихоботии раёсатҷумҳурӣ ба маротиб аз нобаробарӣ дар воридоту содироти Амрико интиқод мекард ва пас аз вуруд ба Кохи Сафед низ фармонҳоеро бо ҳадафи кам кардани коҳиши мувозинати тиҷорӣ ба имзо расонд. Бар асоси ин фармонҳо, дар робита ба вуруди колоҳои арзони хориҷӣ монеа эҷод мешавад ва кишварҳои дорои мувозинати тиҷории мусбат бо Амрико машмули муҷозоте қарор хоҳанд гирифт. Трамп ҳамчунин бо тарҳи шиорҳои "Аввал Амрико!" ва "Амрикоӣ бихар, америкоӣ истихдом кун! " дар талош аст, тавлиди миллӣ дар ин кишварро тақвият ва ҷойҳои ҷадиди кор эҷод кунад. Аммо ба назар мерасад, иштиҳои серинопазири масрафкунандагони амрикоӣ барои масрафи ҳарчи бештари колоҳо ва хадамоти хориҷӣ ҳамроҳи уфти сифати тавлидоти дохилию афзоиши давомдори қимати колоҳо ва хадамоти дохилӣ сабаб шудааст, ки талошҳо барои эҷоди мувозинат миёни воридоту содирот дар Амрико тақрибан ғайримумкин шавад. Аз авоили даҳаи 70-и асри гузашта, ки барои нахустин бор мизони воридоти коло ба Амрико аз мизони содироти ин кишвар бештар шуд, то кунун ҷомеаи Амрико натавонистааст аз ин мушкил раҳоӣ ёбад.

Албатта, бархе аз иқтисоддонону фаъолони тиҷорӣ муътақиданд, ки афзоиши воридоти азрони хориҷӣ мӯҷиби коҳиши масрафи истифодабарандагони амрикоӣ мешавад ва ба боло рафтани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад. Зимнан ин гурӯҳи коршиносон таъкид мекунанд,  барчида шудани монеаҳои вуруди колоҳо ва хадамоти хориҷии мустақиму ғайрмустақим сармоягузориҳои хориҷиро дар Амрико афзоиш хоҳад дод, ки ин сармояҳо дар ниҳоят дар хидмати тавлиди миллӣ ва афзоиши ҷойҳои кор дар ин кишвар  қарор мегиранд. Аммо гурӯҳи дигар таъкид доранд, бо рушди ҳамешагии коҳиши мувозинати тиҷорӣ бар иловаи тазъифи тавлиди миллӣ ва аз байн рафтани ҷойҳои кор дар Амрико ин кишвар ба содиркунандагони бузург, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ, Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва ҳатто Мексика вобаста мешавад ва қудрати маневри худро дар баробари ин кишварҳо аз даст медиҳад. Дар ин зимн барои ҷуброни мувозинати тиҷорӣ амрикоиҳо ба тадриҷ маҷбур хоҳанд буд, дороиҳои худ, шомили  коғазҳои қиматбаҳо, амлок ва корхонаҳои худро ба хориҷиҳо бифурӯшанд. Он чӣ мусаллам аст, ин аст, ки бо вазъияти кунунии Амрико раҳоии ин кишвар аз нобаробарӣ дар воридоту содирот дур аз интизор хоҳад буд. Ҳол он ки сиёсатҳои ҳимоятгароёнаи давлати Трамп натиҷаи баръакс дорад ва мушкили кунуниро шадидтар менамояд.

Майкл Стрейн, коршиноси умури иқтисодӣ дар Муассисаи сармоягузории Амрико дар мавриди таъсири иқдомоти талофиҷӯёнаи шарикони тиҷории Амрико ба бозори дохилии ин кишвар мегӯяд, иқдомоти талофиҷӯёнаи Чин ва Аврупо дар қиболи ин тасмими Трамп ба шиддат ба зарари содиркунандагони амрикоӣ хоҳад буд ва дар ҳоле ки Трамп ба шиддат бар рӯйи масъалаи бунёди ҷойҳои кор дар Амрико мутамаркиз шудааст, чунин иқдомоти талофиҷӯёнае ба коҳиши мизони иштиғол дар Амрико мунҷар хоҳад шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият афзоиши мувозинати тиҷории Амрико дар оянда дур аз интизор нахоҳад буд.