Пас аз Арабистон, навбат ба шикояти амрикоиҳо аз Иморот расид
Хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти ёздаҳуми сентябр дар Амрико қасд доранд, ба даъвое, ки алайҳи Арабистон ба иттиҳоми даст доштан дар ҳамалоти террористии 2001 иқома намудаанд, номи Имороти Муттаҳидаи Арабиро биафзоянд.
Ба нақл аз Алъолам, дар паи муноқишаи дипломатии ахир миёни Қатар ва эътилофи Арабистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср ва ифшогарии Давҳа дар хусуси ҳимояти Иморот аз гурӯҳи террористии Алқоида ва даст доштан дар ҳамалоти 11 сентябр, хонаводаҳои қурбониёни ҳамалоти ёздаҳуми сентябр бар он шудаанд, то қабл аз инқизои қонуни маҳдудиятҳо дар январи 2019, илова бар Арабистон, алайҳи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ иқомаи даъво кунанд .
Дар сентябри 2016, қонуни Ҷаста мавсум ба санади адолат дар баробари ҳомиёни терроризм ба тасвиб расид, ки ба шаҳрвандони амрикоӣ иҷоза медиҳад, алайҳи кишварҳои хориҷӣ, ки дар ҳамалоти 11 сентябр даст доштаанд, шикоят кунанд. Понздаҳ тан аз 19 ҳавопайморабое, ки дар ҳамалоти террористии ёздаҳуми сентябри 2001 даст доштанд, дорои тобеияти Саудӣ ва ду тан аз онҳо низ дорои тобеияти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буданд. Номи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ беш аз 70 маротиба дар гузориши Комиссияи ёздаҳуми сентябр ва асноди марбута аз ҷумла дар як санади марбут ба таъмини молии терроризм зикр шудааст .
Шайх Машъал ибни Ҳамад Оли Сонӣ, сафири Қатар дар Вашингтон чанд рӯзи пеш дар гуфтугӯ бо Foreign Policy фош карда буд, ки атбоъ ва дипломатҳои Арабистон ва Иморот дар ҳамалоти 11 сентябр нақши мустақим доштаанд ва ба назар мерасад, ҳоло ин ифшогариҳо дастовезе шуда, то давлатмардони амрикоӣ пас аз қарордодҳои ҳудуди ним триллион долларӣ бо Арабистон дар изои маскут гузоштани нақши саудиҳо дар ҳамалоти 11 сентябр, иморотиҳоро дар маърази таҳдид қарор диҳанд ва ҳоло навбати Иморот аст, то бо ҳазина кардани захоири арзии 900 миллиард долларии худ Амрикоро сокит кунад. Аммо бояд гуфт, ин поёни моҷаро нест, зер муъзали терроризм фақат ба ҳимояти молии саудиҳо ва иморотиҳо аз террористҳо мунҳасир нест, балки ин падида ношӣ аз тафаккури такфирии ваҳҳобӣ аст, ки решаи он дар Арабистон аст ва саудиҳо дар парвариши ин тафаккур нақши аслиро доранд .