Июл 19, 2017 21:00 Asia/Dushanbe
  • Вакили рус дар бораи дидор бо писари Трамп шаҳодат медиҳад

Вакили рус эълом кард, ки омодаи посухгуӣ ба интиқодоти густарда дар бораи дидор бо писари раисҷумҳури Амрикост.

Ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, Наталия Веселнитская, вакили русӣ, ки пеш аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 бо Доналд Трамп Ҷуниюр мулоқот карда буд, гуфт, бо ҳузур дар Конгресс, омодаи посухгуӣ ба интиқодоти густардаест, ки дар робита бо ин дидор ба вуҷуд омадааст .

Бар асоси ин гузориш, имейлҳое, ки писари аршади Трамп мунташир карда, нишон медиҳад, ки вай муштоқона дидор бо Наталия Веселнитская, вакили русро боҳадафи дарёфти иттилооти нобудкунанда дар бораи Ҳилларӣ Клинтон, рақиби демократи падараш пазируфтааст .

Веселнитская пештар гуфта буд, ки як вакили хусусӣ аст ва ҳечгуна иттилооти мухаррибе дар бораи Ҳилларӣ Клинтон ё ҳеч иртиботе бо Кремлин надорад .