Июл 21, 2017 21:19 Asia/Dushanbe
  • Русия тавони низомии Арманистонро тақвият мекунад

Вазири молияи Арманистон аз фурӯши таслиҳоти русӣ ба Арманистон ва гирифтани қарз аз худи русҳо барои хариди силоҳ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Вардан Арамян бо таъйиди музокираи Арманистон бо Русия бар сари хариди таслиҳоти русӣ гуфт, Маскав бо ироаи тасҳилот дар садади тақвияти тавони низомии Арманистон аст. Ӯ гуфт, музокирот бар сари масъалаи гирифтани қарз барои хариди таслиҳоти ҷадид аз Русия имсол анҷом хоҳад шуд. Вазири молияи Арманистон ҳамчунин аз дастёбӣ ба тавофуқи усулӣ миён ду кишвар бар сари хариди таслиҳоти низомии Арманистон аз Русия ба қимати фурӯши онҳо дар дохил (бидуни муҳосибаи суди тиҷории аз содирот ҳосилшуда) хабар дода эълом кард, ки Русия ба унвони шарики стратегии Арманистон фурӯши силоҳро бо ин қимат ба Ереван пазируфтааст.

Тақвияти қудрати дифоии Арманистон аз сӯйи Русия, ҳомии роҳбурдии Ереван дар ҳоле аст, ки Ҷумҳурии Озарбойҷони ҳамсояаш низ ҳамвора дар садади тақвияти тавони низомии худ, албатта, бо ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аст. Ин ду кишвар пас аз истиқлол аз Иттиҳоди Шӯравӣ бар сари ҳокимияти минтақаи Қарабоғ ҳамчунон бо якдигар ихтилоф  дошта, гоҳо нерӯҳояшон  дар манотиқи марзӣ бо ҳам даргир мешаванд.

 

Барчасп