Интишори санадҳои иртиботи ҳизби ҳокими Туркия бо ҷараёни Гюлен
(last modified 2017-07-24T09:40:09+00:00 )
Июл 24, 2017 14:40 Asia/Dushanbe
  • Интишори санадҳои иртиботи ҳизби ҳокими Туркия бо ҷараёни Гюлен

Ҳизбҳои мухолифи Туркия барои исботи иртиботи ҳокимияти Анкара бо ҷараёни Фатҳуллоҳ Гюлен ифшогарӣ мекунанд.

Ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия бо интишори гузорише санадҳову ҳуҷҷатҳои иртиботи мақомҳо ва аъзои ҳизби ҳокими ин кишварро бо ҷараёни Фатҳуллоҳ Гюлен, муттаҳами кудатои соли гузашта мунташир кард.

 Дар гузориши Ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия санадҳо ва аксҳое аз равобити намояндагони парлумонӣ ва аъзои Ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеа, аз ҷумла шахси Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия бо Фатҳуллоҳ Гюлен ба ҳамроҳи видеоҳо ва мусоҳибаҳое мунташир шудааст.

Ин санадҳо дар шароите мунташир мешавад, ки пеш аз ин Кумитаи таҳқиқи кудатои нофарҷоми 15-уми июли соли 2016 Ҳизби ҷумҳурии халқи Туркияро ба иртибот бо ҷараёни Гюлен муттаҳам кардааст.

 Дар воқеъ талоши Ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия барои ифшои иртиботи ҷараёни Гюлен бо ҳизби ҳокими Туркия низ пас аз ин иттиҳомзании Кумитаи таҳқиқ, дар дастури кори раҳбарони ҳизб қарор гирифт.

 Дар пайи кудатои нофарҷоми моҳи июли соли 2016 ҳокимияти Анкара ба баҳонаи муқобила бо кудаточиён ба аз байн бурдани мухолифон иқдом кардааст. Панҷ рӯз пас аз он кудатои нофарҷом парлумони Туркия Қонуни вазъияти фавқуллодаро тасвиб кард. Давлати Анкара дар чорчӯби ин қонун дар як соли гузашта фишорро бар мухолифон ва мунтақидони давлат бештару сахттар карда ва ба боздоштҳои густурда ва ҷамъӣ дар сафи артиш, полис, дастгоҳи қазоӣ ва ҷомеаи ҳунармандон ва нависандагону расонаҳо даст задааст.

 Давлати Эрдуғон аз замони кудатои нофарҷом то кунун беш аз 170 ҳазор тан, аз ҷумла мақомҳо, устодони донишгоҳҳо, кормандони давлат ва нерӯҳои давлатиро боздошт ё аз кор барканор кардааст. Аммо бо вуҷуди ин талошҳои давлати Анкара, Фатҳуллоҳ Гюлен ахиран гуфтааст, кудатои моҳи июл сенарияе буд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ва ҳамроҳони вай тарроҳӣ ва иҷро кардаанд.

Нуктаи қобили тааммул ва андеша дар заминаи талошҳои як соли гузаштаи давлати Эрдуғон ин аст, ки ҳокимияти Анкара ба баҳонаи кудатои нофарҷоми соли гузаштаи мелодӣ тавонист роҳи садсоларо дар як шаб бипаймояд. Ба тавре ки шумори зиёде аз мухолифони воқеии давлати Эрдуғон тайи як соли гузашта зиндонӣ шудаанд.

Бо вуҷуди он ки ин гуна таҳаррукоти давлати Анкара аз шумори ҳомиёни Эрдуғон костааст, аммо нерӯҳои вафодор ба шахси Эрдуғон дар идораҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва артиши Туркия ба кор гирифта шудаанд.

Табиӣ аст ки ин вазъият барои ҳокимияти феълии Анкара фурсатҳои ҷадиде фароҳам мекунад то битавонад хостаҳои худро дар Туркия тайи солиёни тӯлонӣ иҷро кунад ва ҷомеаи Туркияро ба сӯйи яккатозӣ майл диҳад.