Июл 24, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба иқдоми низомӣ алайҳи ДИИШ дар Афғонистон

Намояндаи вижаи Русия дар Кобул аз эҳтимоли иқдоми низомии Маскав дар Афғонистон алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Замир Кабулов ҳушдор дод: Агар ҳукумати Афғонистон ва низомиёни хориҷӣ дар ин кишвар дар муқобила бо ДИИШ бетафовут бошанд, Русия алайҳи ин гурӯҳи террористӣ иқдоми низомӣ хоҳад кард .

Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон гуфт: Шумори террористҳои ДИИШ бо ҳадафи эҷоди пойгоҳе дар Афғонистон ва нуфуз ба Осиёи Марказӣ афзоиш ёфта ва ин мавзуъ барои Русия нигаронкунанда аст.

Кабулов ахиран гуфта буд: Русия борҳо ба давлати Кобул дар бораи афзоиши террористҳои ДИИШ ба хусус дар шимоли ин кишвар ҳушдор дода, чун нигарони нуфузи онҳо ба Осиёи Марказӣ аст .

Зубайр Масъуд, мушовири пешини Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ва бародарзодаи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам чанде пеш дар бораи ҳузури ДИИШ дар устонҳои шимолии Афғонистон ва устони Бадахшон дар шимоли шарқи кишвар ҳушдор дода буд .

Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия низ чанде пеш эълом кард, ҷангҷуёни ДИИШ дар шарқи Афғонистон бо болгардҳои ношинос мунтақил мешаванд ва аз онҳо ҳимояти логистикӣ мешавад .

 

Барчасп