Туркия аз Русия сомонаи С-400 мехарад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20554-Туркия_аз_Русия_сомонаи_С_400_мехарад
Туркия эълом кард, аз Русия сомонаи дифои мушакии С-400 мехарад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 25, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Туркия аз Русия сомонаи С-400 мехарад

Туркия эълом кард, аз Русия сомонаи дифои мушакии С-400 мехарад.

Ба гузориши хабаргузори “Рейтерз”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи сешанбе гуфт, Туркия ба пешрафтҳое дар барномаи хариди сомонаи дифои мушакии С-400 аз Русия даст ёфтааст. Эрдуғон, ки дар дидор бо намояндагони парлумон аз Ҳизби адолат ва тавсеа сухан мегуфт, афзуд, Анкара тавофуқе бо Русия дар бораи мушакҳои С-400 имзо карда ва ин мушакҳо вориди Туркия хоҳанд шуд.