Август 11, 2016 13:16 Asia/Dushanbe
  • Амрико омили аслии ишғоли Мӯсили Ироқ

Нахуствазири собиқи Ироқ аз ҳамкории Амрико бо бархе сарони Алқоида дар ишғоли Мӯсил парда бардошт.

Нури Моликӣ-нахуствазири собиқи Ироқ, рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории Садо ва симо дар Бағдод, гуфт, қабл аз ишғоли Мӯсил, маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқ, бархе афсарони олирутбаи амрикоӣ бо шуморе аз сарони гурӯҳи террористии Алқоида дар шимоли Ироқ гуфтугӯ ва роҳкори ишғоли Мӯсилро баррасӣ карданд.

Нури Моликӣ бо ишора ба ин ки омили аслии ишғоли Мӯсил Амрико аст, афзуд, акнӯн амрикоиҳо ҳарф аз ҷанг бо террористҳои ДИИШ мезананд ва мегӯянд ҳомӣ Ироқ ҳастанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, Амрико ба тавофуқномаи роҳбурдии Бағдод, Вашингтон бе эътиноӣ кард ва дар бадтарин шароити ҷанг, ҳатто силоҳҳои харидорӣ шудаи Ироқро таҳвил надод.

Моликӣ афзуд, ин дар ҳоле аст, Ҷумҳурии Исломии Эрон бидуни ҳеч чашмдоште ба Ироқ кӯмаки таслеҳотӣ кард ва агар кӯмакҳои Эрон набуд  ДИИШ, то қалби Бағдод мерасед.

Вай аз мухолифони ҳузури нерӯҳои мардумӣ дар амалиёти озодсозии Мӯсил аз ишғоли ДИИШ ҳам интиқод кард ва гуфт, мушорикати нерӯҳои мардумӣ дар амалиёти Мӯсил танҳо роҳи шикасти тарҳи тақсими устони Найнаво аст.

 

Барчасп