Июл 27, 2017 16:18 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи амрикоӣ: Бо дастури Трамп ба Чин ҳамлаи ҳастаӣ мекунем

Фармондеҳи новгони нерӯи дарёии Амрико гуфт, агари раисиҷумҳури Амрико дастур диҳад, ба Чин ҳамлаи ҳастаӣ мекунем.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эро, Адмирал Скотт Свифт, фармондеҳи новгони нерӯи дарёии Амрико мустақар дар Уқёнуси Ором, дар ҳошияи як размоиши муштарак бо артиш Австралия бо таъкид бар фармонбардории комили артиш аз раисиҷумҳурӣ ба унвони фармондеҳи кулли қувои мусаллаҳ эълом кард, агар Доналд Трамп дастур диҳад вай, ҳамин ҳафтаи ояндаи Чинро ҳадафи ҳамлаи ҳастаӣ қарор хоҳад дод.

   Гуфта мешавад,як адад киштии ҷосусии чинӣ бо тараддуд дар обҳои шимолу шарқи Австралия бар раванди ин размоиши муштараки Австралия ва Амрико назорат доштааст.

  Вай тасреҳ кард, агар артиш аз аҳдофи аслии худ дӯр шавад ва аз вафодорӣ ба фармондеҳи кулли қувои мусаллаҳи кишвар фосила бигирад, онгоҳ мо бо мушкилоти муҳимме даст ба гиребон хоҳем шуд.

 

Барчасп