Таҳдиди Русия ба ихроҷи дипломатҳои амрикоӣ
Як мақоми вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, агар Трамп қонуни ҷадиди таҳримҳои зидди русиро имзо кунад, Маскав дар аввалин иқдоми ҷавобӣ 35 дипломати амрикоиро ихроҷ хоҳад кард.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз рӯзномаи “Коммерсант”-и чопи Маскав, як мақоми вазорати умури хориҷаи Русия, ки номаш фош нашуда, гуфтааст, вазорати умури хориҷаи Русия мутақобилан ба таҳримҳои Амрико посух хоҳад дод.
Ба гуфтаи ин дипломати рус, Маскав истироҳатгоҳи сафорати Амрико дар "Серебряный Бор" наздики Маскавро тавқиф хоҳад кард, зеро таҳримҳои ҷадиди зидди русӣ бозпас гирифтани амлоки дипломатии Русия дар Вашингтон ва Ню-Йоркро номумкин мекунад.
Ин рӯзнома ҳамчунин аз эҳтимоли иқдоми Русия ба эъмоли бархе таҳримҳои иқтисодӣ дар посух ба таҳримҳои зидди русии Амрико хабар дод.
Маҷлиси намояндагон Амрико рӯзи сешанбе тарҳи ҷомеи таҳримҳои Эрон, Русия ва Кореяи Шимолиро, бо 419 раъйи мувофиқ ва 3 раъйи мухолиф тасвиб кард. Маскав дар вокуниши фаврӣ ба ин мусавваба эълом кард, ки ин гуна иқдомҳоро бидуни посух нахоҳад гузошт.
Дар ҳамин замина гузориши Саидалии Доробӣ аз Маскавро мешунавед.