Август 11, 2016 17:14 Asia/Dushanbe

Намояндагони парлумони Ҳинд пас аз баррасии охирин вазъияти Кашмири таҳти контроли ин кишвар хостори поён додан ба хушунатҳо дар ин минтақа шуданд.

Ба иттилои ИРНА, намояндагони парлумони Ҳинд рӯзи панҷшанбе, пас аз нишасти шашсоата бо интишори баёнияе аз афзоиши хушунатҳо дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд ибрози нигаронӣ карданд ва аз ҳукумату ҳизбҳои ин кишвар хостанд, тамоми талоши худро барои бозгашти оромиш ба ин минтақа ба кор гиранд.

Раҷнатҳ Сингҳ, вазири кишвари Ҳинд Покистонро омили аслии нооромиҳои Кашмири таҳти контроли Ҳинд хонда гуфтааст, ҳеҷ музокирае дар бораи ин минтақа бо Исломобод анҷом нахоҳад шуд.

Шуморе аз ҳизбҳои Ҳинд низ аз ҳукумати ин кишвар хостаанд, бо эъзоми ҳайате ба Кашмири таҳти контроли Ҳинд илова ба оғози гуфтугӯҳо бо мардуми ин минтақа истифодаи тӯфангҳои сочмаиро аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ алайҳи муътаризон мамнӯъ кунад.

Нарендро Моди, нахуствазири Ҳинд рӯзи сешанбе дар нахустин изҳори назар дар бораи даргириҳои маргбори як моҳи ахир дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд "чанд фарди гумроҳ"-ро омили ин даргириҳо хонда гуфт, Деҳлии Нав қасд дорад, барои ҷавонони Кашмир фурсатҳои шуғлӣ эҷод кунад.