Июл 30, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоии Чин аз мушакҳои баллистикии ҷадид

Чин барои нахустин бор насли ҷадиде аз мушакҳои баллистикии қорапаймоашро ба намоиш гузошт.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Тасним, Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин имрӯз (якшанбе) барои намоиши мушаки баллистикии ҷадид бо бурди беш аз 10 ҳазор километр, дар маросими гашти (парад) низомӣ ширкат кард.

  Ин гашт (парад) ба муносибати 90-умин солгарди ташкили Артиши озодибахши халқи Чин баргузор шуд.

 Дар ин гашт илова бар намоиши мушакҳои ҷадиди баллистикии қорапаймо мавсум ба “Df-31ag”, 129 адад ҳавопаймои ҷанганда ва 571 худрави низомӣ низ ба намоиш даромад.

 

Барчасп