Август 01, 2017 19:20 Asia/Dushanbe
  • Шоҳид Хоқон Аббосӣ нахуствазири Покистон шуд

Намояндагони Маҷлиси миллии Покистон бо ширкат дар раванди раъйгирии дохилипарлумонӣ Шоҳид Хоқон Аббосӣ,  номзади муаррифинамудаи ҳизби ҳоким, Ҳизби муслим лиг, шохаи Навозро ба унвони нахуствазири ҷадиди Покистон интихоб карданд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагони парлумони Покистон бо аксарияти ороъ Шоҳид Хоқон Аббосиро ба мақоми нахуствазирии ин кишвар интихоб карданд.

Шоҳид Хоқон Аббосӣ, вазири нафту манобеи табиии кобинаи мунҳалшудаи Навоз Шариф тавонист бо касби 221 раъй аз 342 раъй ҳудудан аз се ду ҳиссаи орои намояндагони парлумони Покистонро ба даст оварад. Ӯ имрӯз савганд ёд хоҳад кард.

Навид Қамар аз Ҳизби мардум, Шайх Рашид Аҳмад, номзади муштараки Ҳизби таҳрики инсоф ва Ҳизби муслим лиг, шохаи Қоид ва Соҳибзода Ториқуллоҳ аз Ҳизби ҷамоати исломӣ се номзади дигар барои касби мақоми нахуствазирии Покистон буданд. Додгоҳи Олии Покистон рӯзи ҷумъа Муҳаммад Навоз Шарифро дар моҷарои фасоди молии “асноди Панама” муҷрим шинохта, ӯро аз мақоми нахуствазирӣ барканор кард.

 

Барчасп