Покистон воридоти газ аз Эронро афзоиш медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125024-Покистон_воридоти_газ_аз_Эронро_афзоиш_медиҳад
Порс Тудей — Вазири нафти Покистон аз тасмими кишвараш барои афзоиши воридоти гази моеъ (LPG) аз Эрон хабар дод.
(last modified 2026-06-29T05:44:30+00:00 )
Июн 29, 2026 10:41 Asia/Dushanbe
  • Алӣ Парвиз Малик, вазири нафти Покистон
    Алӣ Парвиз Малик, вазири нафти Покистон

Порс Тудей — Вазири нафти Покистон аз тасмими кишвараш барои афзоиши воридоти гази моеъ (LPG) аз Эрон хабар дод.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо; Алӣ Парвиз Малик, вазири нафти Покистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Лоҳур гуфт: «Равобити мо бо Эрон як робитаи бародарона ва ҳамсоягии наздик аст ва муътақидам, ки мо бояд аз тавонмандиҳои мутақобил баҳрабардорӣ намоем».

Вазири нафти Покистон таъкид кард: «Рӯзона байни 4 то 5 ҳазор тон гази моеъ (LPG) аз Эрон ворид мекунем ва акнун тасмим дорем ин мизонро афзоиш диҳем».

Ӯ афзуд: «Тимҳои фаннии Эрон ва Покистон бо якдигар дар тамоси наздик ҳастанд ва талош дорем ниёзҳои энергияро, ки барои Покистон мақрун ба сарфа бошад, аз тариқи Эрон таъмин кунем ва давлати Исломобод тасмими лозимро иттихоз хоҳад кард».