Август 01, 2017 20:43 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор кушта дар як тирандозӣ дар Маскав

Бар асари тирандозӣ дар сохтмони додгоҳе дар Маскав чаҳор муттаҳами дар ҳоли муҳокима кушта шуданд.

Ба гузориши ИТАР-ТАСС, Диана Татосова, вакили рус рӯзи сешанбе дар тамоси телефонӣ ба нақл аз як бозпурс гуфт, дар ин тирандозӣ аз 11 муттаҳами як парванда, ки дар додгоҳ дар ҳоли муҳокима шудан буданд, чаҳор нафар кушта шуданд. Ин гузориш ҳокӣ аст, даргирӣ ва тирандозӣ дар пайи он шурӯъ шуд, ки теъдоде аз муттаҳамон талош карданд, силоҳи нерӯҳои амниятии ҳозир дар додгоҳро ба даст оварда, иқдом ба гаравгонгирӣ кунанд.

 

Барчасп