Август 02, 2017 11:07 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти фавқуллодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истамбул

Нишасти фавқулодаи Кумитаи иҷроии вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ бо меҳварияти Қудс ва Масҷид-улАқсо дар Истамбул бо судури баёнияе поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ин нишаст, ки бо ҳузури намояндагоне аз 44 кишвари исломӣ баргузор шуд, таҳаввулоти рӯзҳои ахир дар Байт-ул-Муқаддас баррасӣ шуд.

Дар баёнияи поёнии ин нишаст зимни маҳкумияти шадиди идомаи иқдомоти ишғолгаронаи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ бар лузуми ваҳдати кишварҳои мусалмонӣ барои ҳифзи ҳарами Қудси Шариф ба унвони нахустин қиблаи мусалмонон таъкид шуд.

 Низомиёни режими саҳюнистӣ аз 14-уми июли соли 2017 ба дастури Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режим, саркӯби фаластинёнро ба вижа дар Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо сахттар ва дар ин муддат садҳо фаластиниро шаҳид ва захмӣ кардаанд.

Иқдомоти султаҷӯёнаи режими саҳюнистӣ дар қиболи Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо дар ҳоле аст, ки Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳанги Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), соли гузашта бо тасвиби қатъномае ҳар гуна робитаи таърихӣ ва динӣ ва ё фарҳанги яҳудиён бо маконҳои муқаддас дар Қудс, ба вижа Масҷид-ул-Ақсоро рад кард ва ин масҷидро макони муқаддас барои мусалмонон донист.

ЮНЕСКО дувуми майи имсол низ бо тасвиби қатъномае режими саҳюнистиро ба нақзи меъёрҳои байналмилалӣ дар Байт-ул-Муқаддас ва борикаи Ғазза маҳкум кард ва аз Исроил ба унвони “нерӯи ишғолгар” ном бурд.

 

Барчасп