Хашму нафрати мардуми Ҳироти Афғонистон аз ҷинояти террористҳо
(last modified Wed, 02 Aug 2017 13:36:09 GMT )
Август 02, 2017 18:36 Asia/Dushanbe
  • Хашму нафрати мардуми Ҳироти Афғонистон аз ҷинояти террористҳо

Ба дунболи ҳамалоти хунини террористҳо ба масҷиди шиаёни шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон, мардуми ин шаҳр хашму танаффури худро аз ин ҷиноят эълом карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Ава, мардуми хашмгини шаҳри Ҳирот дар эътироз ба куштори намозгузорон ба дасти террористҳо дар ин шаҳр тазоҳурот карданд ва аз давлати Афғонистон хостанд, омилони ин ҳамлаи террористиро ҳарчи зудтар шиносоӣ ва муҷозот кунад .

Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот, аз нотавонии нерӯҳои амниятии Афғонистон дар муқобила бо ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ интиқод карданду гуфтанд, давлати Кобул дар таъмини амният ва барқарории сулҳу суботи Афғонистон нотавон аст.

Дар ҳамин ҳол, Аҳмадалии Ҷабраилӣ, намояндаи собиқи мардуми Ҳирот дар Маҷлиси миллии Афғонистон таи фарохоне аз мардуми ин вилоят хост, тазоҳуроти густардаеро имрӯз муқобили сохтмони устондорӣ дар шаҳри Ҳирот баргузор кунанд .

Як террорист сешанбе шаб бо ҳамла ба масҷиди Ҷаводия, бузургтарин масҷиди шиаён дар вилояти Ҳироти Афғонистон, пеш аз мунфаҷир кардани худ намозгузоронро ба гулула баст .

Дар ин ҳамла, 40 намозгузор шаҳид ва дастикам 70 нафари дигар маҷруҳ шуданд, ки ҳоли теъдоде аз захмиҳо вахим эълом шудааст .

Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ҳамлаи инфиҷорӣ ба масҷиди шиаёни шаҳри Ҳиротро маҳкум карду онро ҷиноёти ҷангӣ хонд .

Абдулло Абдулло, раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон ҳам ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Ҷаводияи шаҳри Ҳиротро маҳкум карду гуфт: Террористҳо барои ихтилофи миёни шиа ва суннӣ дар Афғонистон талош мекунанд, аммо мардуми ин кишвар баробари ин тавтеаҳо истодаанд .