Мухолифати Чин бо таҳримҳои Амрико зидди Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ
Вазорати умури хориҷаи Чин дар баёнияе ба шиддат аз таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ интиқод кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин баёния омадааст: Пекин ҳамеша бо таҳримҳои якҷониба мухолиф буда ва бар ин бовар аст, ки мухолифатҳои байналмилалӣ миёни кишварҳо бояд бар пояи эҳтиром ва равишҳои муносиб ва бо гуфтугӯи мунсифона ҳал шаванд.
Ин дар ҳоле аст, ки вазорати хориҷаи Чин пеш аз ин низ мухолифати худро бо ин таҳримҳо эълом карда буд.
Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дувуми август тарҳи ҷомеи таҳримҳои Кохи Сафед алайҳи Кореяи Шимолӣ, Эрон ва Русияро, ки дар маҷлиси намояндагон ва конгресси ин кишвар ба тасвиб расида буд, имзо кард.
Русия ва Эрон ба шиддат бо ин таҳримҳо мухолифат ва таъкид карданд, ки дар баробари он вокуниш нишон хоҳанд дод.