Август 06, 2017 16:38 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти бенатиҷаи зидди эронии Доналд Трамп

Вебгоҳи шабакаи хабарии Блумберг дар гузорише, барномаҳои давлати раисҷумҳури Амрико барои мунзавӣ кардани Эрон бо таҳримҳоро бенатиҷа ва хаёлпардозӣ хондааст.

Дар гузориши вебгоҳи шабакаи хабарии Блумберг омадааст, иқдомоти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ҳадафи коршиканӣ дар иҷрои БАРҶОМ низ бо вокуниши манфии муттаҳидони аврупоии Кохи Сафед мувоҷеҳ шуд .

Ин гузориш меафзояд, иқдоми Кохи Сафед дар эъмоли таҳримҳои зидди эронӣ сиёсате шикастхурда ва беҳадаф будааст.

Мақомоти Кохи Сафед, камокон ба коршиканиҳои худ зидди БАРҶОМ идома медиҳанд .

Раисҷумҳури Амрико, як гурӯҳи вижаро барои ироаи гузориши зидди эронӣ дар мавриди БАРҶОМ маъмур кардааст .

 

Барчасп