Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия коҳиш наёфтааст
Дабири Шӯрои амнияти федерали Русия гуфт: Бо вуҷуди эҷоди шароити муносиб барои фаъолияти атбои хориҷӣ дар қаламрави Русия, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин кишвар коҳиш наёфтааст.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти федерали Русия афзуд: Бо вуҷуди эҷоди шароити муносиб барои атбои хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар, сатҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия ҳамчунон монанди гузашта идома ёфтааст ва дар ин раванд коҳише мушоҳида намешавад .
Ин мақоми амниятии рус, муҳоҷирати ғайриқонуниро таҳдиде барои амнияти ҷомеаи Русия ва рушди терроризм ва ҷурму ҷинояти фаромарзӣ унвон кард .
Патрушев дар идома ҳамчунин дар бораи истифода аз асноди ҷаълӣ барои ҳузур дар қаламрави Русия аз сӯи муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ ибрози нигаронӣ кард .
Ин дар ҳолест, ки ба гузориши фарҳангистони улуми Русия, имсол муҳоҷират ба ин кишвар 26.8 дарсад коҳиш ёфтааст .
Теъдоди муҳоҷирони Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон ба Русия аз ибтидои имсол коҳиш ёфта ва ба сатҳи солҳои 2012-2013 расидааст .
Тоҷикистон танҳо кишвари Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ аст, ки муҳоҷирони кории он дар авоили соли 2017 дар муқоиса бо шаҳрвандони дигар кишварҳои ин иттиҳод бештар ба Русия сафар кардаанд .