Индепендент: Арабистон хост ба Эрон зарба бизанад, Венесуэларо нобуд кард
(last modified Wed, 09 Aug 2017 12:33:55 GMT )
Август 09, 2017 17:33 Asia/Dushanbe
  • Индепендент: Арабистон хост ба Эрон зарба бизанад, Венесуэларо нобуд кард

Рӯзномаи Индепендент навишт, Арабистон бо иҷрои сиёсати коҳиши баҳои ҷаҳонии нафт қасд дошт, иқтисоди Эронро тазъиф кунад, аммо дар амал Венесуэларо ба нобудӣ кашонд.

Рӯзномаи англисии Индепендент дар матлабе навишт: Венесуэла ҳарчи бештар дар як буҳрони фазояндаи сиёсӣ ва иқтисодӣ фуру меравад ва таваррум дар ин кишвар беш аз 700 дарсад аст .

Ба навиштаи ин рӯзнома, Венесуэла кишваре, ки бештарин захоири кашфшудаи нафтро дар ихтиёр дорад, ҳоло мақрузтарин кишвари ҷаҳон маҳсуб мешавад ва стандартҳои зиндагӣ низ дар ин кишвар нобуд шудааст .

Индепендент афзудааст: Авомили зиёде–аз ҷумла сӯимудирияти даромадҳои нафтӣ, беқонунӣ, ҷурму ҷиноят ва бозори сиёҳ-буҳрони кунунии Венесуэларо шиддат додаанд, аммо муҳимтарин омили ташдиди ин буҳрон, суқути баҳои ҷаҳонии нафт аст ва ончи дар Венесуэла рух медиҳад, натиҷаи иқдоми Арабистон дар поин нигоҳ доштани амдии баҳои нафт ба далоили сиёсӣ аст.

Дар гузориши ин рӯзномаи англисӣ омадааст: Сиёсати коҳиши қиммати нафт бо ҳадафи зарба задан ба Эрону Русия, ки бо ҳимояти Амрико низ рӯ ба рӯ шуд, ба ҷои нобуд кардани иқтисоди Эрону Русия, ба кишварҳое назири Венесуэла, Либия, Ангола ва Нигерия осеб расонд.

Ба навиштаи Индепендент, Венесуэла бештарин латмаро аз ин сиёсат дидааст, зеро нафт 96 дарсад аз содирот ва беш аз 40 дарсад аз даромадҳои давлати ин кишварро ба худ ихтисос медиҳад .