Суқути ноҳияи Ҷонихели Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21418-Суқути_ноҳияи_Ҷонихели_Афғонистон
Ноҳияи Ҷонихел дар вилояти Пактиё дар ҷануби шарқи Афғонистон бори дигар ба дасти Толибон афтод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2017 09:04 Asia/Dushanbe
  • Суқути ноҳияи Ҷонихели Афғонистон

Ноҳияи Ҷонихел дар вилояти Пактиё дар ҷануби шарқи Афғонистон бори дигар ба дасти Толибон афтод.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Гулподшоҳ Маҷидӣ, намояндаи мардуми Пактиё дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфт, ноҳияи Ҷонихел чаҳоршанбешаб аз контроли нерӯҳои амниятӣ хориҷ шуд ва бори дигар ба тасарруфи Толибон даромад.

Муҳаммад Раҳмон Қодир, узви Шӯрои вилоятии Пактиёи Афғонистон аз нотавонии мақомоти маҳаллии ин вилоят дар муқобила бо ҳамалоти Толибон интиқод кард ва гуфт, ин мақомот қодир ба таъмини амнияти ноҳияи Ҷонихел нестанд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон муддаӣ шуд, дар ҳамлаи Толибон ба Ҷонихел 12 нерӯи амниятӣ кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол волии Сарипули Афғонистон низ рабуда шудани занон ва духтарони минтақаи Мирзоовлинги ин вилоятро ба дасти Толибон рад кард.

Зоҳир Ваҳдат гуфт, рабуда шудани 40 зану духтар ба дасти Толибон ҳақиқат надорад ва теъдоде аз занон ва кӯдакон, ки ба асорати ин гурӯҳ даромада буданд, бо миёнҷигарии бузургони қавмии минтақа озод шуданд.

Минтақаи Мирзоовлинг дар ноҳияи Сайёд рӯзҳои ахир дар ҳамалоти мухолифони давлати Кобул суқут кардааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо радди куштори ғайринизомиён муддаӣ шуд, 28 низомии афғон дар даргирӣ бо Толибон дар ин минтақа кушта шудаанд ва кушта шудани 50 ғайринизомӣ дар Мирзоовлинг тавтеаи давлати Ашрафғанӣ алайҳи Толибон аст.