Трамп Венесуэларо ҳам ба ҷанг таҳдид кард
(last modified Sat, 12 Aug 2017 08:16:04 GMT )
Август 12, 2017 13:16 Asia/Dushanbe
  • Трамп Венесуэларо ҳам ба ҷанг таҳдид кард

Раиси ҷумҳурии Амрико дар чорчӯби рӯйкарди ҷангталабӣ ва дахолат дар умури дохилии Венесуэла гуфт, Вашингтон барои ҳалли нооромиҳо дар Венесуэла гузинаи низомӣ ҳам дар мадди назар аст.

Раиси ҷумҳурии Венесуэла ҳамвора Амрико ва аҳзоби ростгарои вобаста ба Вашингтонро омили нооромиҳо дар ин кишвари Амрикои Лотин медонад.

Ба гузориши “Порс Тудей”, бахши форсӣ, раиси ҷумҳурии Амрико ҷумъашаб дар нишасти хабарӣ ба ҳамроҳи Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи худ дар иёлати Ню-Ҷерсии Амрико иддао кард, гузинаҳои зиёде дар бораи Венесуэла вуҷуд дорад, ки яке аз онон гузинаи низомӣ аст.

Амрико ва кишварҳои мухолифи давлати Венесуэла Николос Мадуро, раиси ҷмҳурии ин кишварро ба талош барои густариши ихтиёроти худ аз тариқи ташкили маҷлиси муассисон муттаҳам кардаанд.

Мадуро бо радди ин иддаоҳо, ташкили маҷлиси муассисонро роҳе барои поён додан ба танишҳои чанд моҳи ахир донистааст.

 Доналд Тармп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи ҷумъа иддао кард, Ким Ҷунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ зидди Амрико ва сарзаминҳои таҳти ҳукумати он, аз ҷумла ҷазираи Гуам иқдоме нахоҳад кард, зеро хеле зуд пушаймон хоҳад шуд.

Пхенян борҳо таъкид кардааст то замоне, ки Амрико ва муттаҳидонаш ба таҳдиди Кореяи Шимолӣ идома диҳанд, ин кишвар низ ба тақвияти тавонмандии низомӣ ва тавонои худ дар ҳамлаи пешдстона идома хоҳад дод.

 

Барчасп