Август 13, 2017 17:15 Asia/Dushanbe
  • Нотавонии Трамп дар идораи давлати Амрико

Рӯзномаи Huffington Post навишт, шароити сиёсии ҳоким бар Амрико нишон медиҳад, раисҷумҳури ин кишвар дар идораи давлат нотавон аст.

Ба навиштаи рӯзномаи Huffington Post, бо гузашти 6 моҳ аз оғоз ба кори Доналд Трамп, ба унвони раисҷумҳури Амрико, бештари ваъдаҳояш амалӣ нашуда ва бекифоятии раисҷумҳур беш аз пеш ошкор шудааст .

Тибқи ин гузориш, Доналд Трамп бо рафтораш беш аз пеш ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки шоистагии лозим барои эҳрози пости раёсатҷумҳурии Амрикоро надорад .

Дар ин гузориш омадааст, Трамп фарҳанги ҳарҷу марҷ ва мунозии дохилиро дар Кохи Сафед ба роҳ андохта ва натавонистааст сиёсати хориҷии мунсаҷиме эҷод кунад .

Huffington Post менависад, мавзуи ҳамкории атрофиёни раисҷумҳури Амрико бо Русия дар ҷарёни рақобатҳои интихоботии соли 2016 ин кишвар низ ба буҳроне барои Кохи Сафед табдил шудааст .

 

Барчасп