Русия: Амрико бояд Афғонистонро тарк кунад
Русия бо таъкид бар лузуми хуруҷи тамомии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, амалиёти низомӣ ва роҳбурди ҷангии Вашингтонро дар ин кишвар бесамар эълом кард.
Ба нақл аз Ирно, Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Известия таъкид кард, ки тамомии нерӯҳои амрикоӣ бояд ин кишварро тарк кунанд .
Намояндаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон гуфт: Бо таваҷуҷҳ ба инки артиши Амрико наметавонад ҳеч иқдоми судманде дар Афғонистон анҷом диҳад, бояд аз ин кишвар хориҷ шавад .
Кабулов афзуд: Амалиёти низомии Амрико дар Афғонистон шикаст хурдааст ва эҳтимол дорад, ин кишвар ба маркази терроризми ҷаҳонӣ табдил шавад, ки ҳамакнун низ тақрибан дучори чунин вазъияте шудааст .
Вай гуфт: Тасмими ахири Амрико барои эъзоми коркунони ширкатҳои хусусии низомӣ ва муздурон ба ин кишвар бехирадона аст ва ҳеч натиҷаи хубе нахоҳад дошт, зеро ин афрод дар ҳар шароите аз набард мегурезанд .
Ҳамакнун ҳашт ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, аммо натавонистаанд ба таъмини амнияти ин кишвар кумаке кунанд .