Август 16, 2017 11:48 Asia/Dushanbe
  • Вазире ки ба хотири қатъи барқ истеъфо дод

Вазири иқтисоди Тайван ба иллати қатъи барқ аз симмати худ канорагирӣ кард.

 Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар пайи қатъи барқ, ки барои шаш миллиону 680 ҳазор нафар аз сокинони ин ҷазира мушкилотеро эҷод кард, Ли Чин Кунг, вазири иқтисоди Тайван ба иллати сели интиқодҳо аз симмати худ канорагирӣ кард.

Давлати Тайван эълом кард, иштибоҳи амалиёте боиси аз кор афтодани шаш генератор дар аслитарин нерӯгоҳи газии шимоли ин ҷазира ва дар натиҷа қатъи барқ шудааст.