Август 17, 2017 13:57 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон

Шиори “Марг бар Амрико”-и ҳазорон нафар аз мардуми хашмгини шарқи Афғонистон дар маркази вилояти Нангарҳор танинандоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, мардуми хашмгини вилояти Нангарҳор рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) дар эътироз ба ҳамалоти худсаронаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба манотиқи мухталифи Афғонистон дар Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор тазоҳурот карданд.

Тазоҳуркунандагон бо додани шиорҳои “Марг бар Амрико” ҳамалоти ҳавоии Амрико ба манотиқи мухталифи Афғонистонро маҳкум карданд.

Тазоҳуркунандагон бо ибрози хашму танаффур аз ҷиноёти низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико дар куштори мардуми Афғонистон, хостори лағви Паймони амниятии Кобул – Вашингтон ва хуруҷи ишғолгарон аз кишварашон шуданд.

Дар як моҳи гузашта ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар чандин навбат манотиқи мухталифи Афғонистон, аз ҷумла Ҳилманд, Нангарҳор, Кунар ва Пактиёро омоҷи ҳамалот қарор додааст ва тайи он садҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд.

 

Барчасп