Август 17, 2017 17:19 Asia/Dushanbe
  • Кореяи Шимолӣ дар ҳоли хариди сареъи маводи ғизоӣ аз Чин

Ба далели шиддат ёфтани танишҳо миёни Кореяи Шимолӣ ва Амрико, Пхенян ба суръат дар ҳоли харид ва таъмини маводи ғизоӣ аз Чин аст.

Ба гузориши рӯзномаи чинии “South China”, Кореяи Шимолӣ ба шиддат ба Чин вобастааст ва бисёре аз маводи ғизоӣ аз Чин ба Кореяи Шимолӣ содир мешавад.

Амрико аз Чин хостааст бар асоси таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аз фурӯши маводи ғизоӣ ба Кореяи Шимолӣ худдорӣ кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид содироти маводи ғизоиро ба Кореяи Шимолӣ мамнуъ накардааст.

Ин нашрия меафзояд, содироти биринҷ дар се моҳаи аввали соли 2016 милодӣ ба Кореяи Шимолӣ, се миллиону 500 ҳазор тон буда ва дар се моҳи баъдӣ ба 11 миллион тон афзоиш ёфтааст.

Аз сӯи дигар Чин ин ҳафта эълом кард, ки воридоти маҳсулоти дарёиро аз Кореяи Шимолӣ мутаваққиф кардааст, ки ин мавзӯъ метавонад наздик ба 190 миллион доллар даромади арзии Пхенянро коҳиш диҳад.

Созмони Милали Муттаҳид эълом карда, ки Кореяи Шимолӣ аз соли 1990 ба ин тараф бо камбуди маводи ғизоӣ рӯбарӯ будааст ва 70 дарсад аз ҷамъияти кишвар ба кӯмакҳои ғизоии дигар кишварҳо ва ин созмон вобаста ҳастанд.