Август 19, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти Доналд Трамп омили таниш ва буҳрон дар Кохи Сафед

Нависанда ва коршиноси масоили сиёсӣ, иқдомоти раисиҷумҳури Амрико, аз ҷумла барканории мушовири аршади вайро нишонаи таниш ва буҳрон дар Кохи Сафед донист.

Нависанда ва коршиноси масоили сиёсӣ, дар рӯзномаи “Вашингтон пост” навишт, ихроҷи Стивен Бэннон, мушовири аршад аз Кохи Сафед нишон дод, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар иқдомот ва тасмимгириҳои худ бесубот ва авомгароёна амал мекунад.

DJ. Dion Jr. афзуд, ихроҷи мушовири аршади Трамп аз Кохи Сафед ҳарҷу марҷ ва бесуботиро дар давлати Амрико ошкор мекунад.

Ин нависанда таъкид кард, дар бисёре аз маворид, аз ҷумла буҳрони шибҳи ҷазираи Корея Бэннон ва Трамп ихтилофи назар доштанд.

Мушовири барканор шудаи Кохи Сафед дар нахустин вокуниш ба ихроҷи худ гуфт, раёсатҷумҳурии Трамп ба поён расидааст.

Доналд Трамп рӯзи ҷумъа дар идомаи сериали барканории мақомоти давлаташ, Стивен Бэнн- мушовири аршади худро барканор кард.

 

Барчасп