Август 21, 2017 12:12 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши дахолати давлати Русия дар кори расонаҳо

Раисҷумҳури Русия аз коҳиши дахолати давлат дар кори интернет ва расонаҳои ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Владимир Путин дар нишасте бо ҷавонони рус дар минтақаи Қрим гуфт: Агар ҷомеа худаши сомонае аз филтерҳои ахлоқиро эъмол кунад, беҳтар аст, нуфузи давлат дар расонаҳо ҳазф шавад .

Вай афзуд: Назорати давлат бар интернету расонаҳо қарор аст, коҳиш ёбад .

Раисҷумҳури Русия дар айни ҳол таъкид кард, ончи қонун мамнуъ мекунад, бояд ҳамаҷо, дар интернет, телевизион ва дар дигар расонаҳо мамнуъ шавад .

Изҳороти Путин дар ҳоле матраҳ шуд, ки дар солҳои ахир, мухолифони давлати Русия, мақомоти ин кишварро ба контроли шадиди интернет муттаҳам мекунанд .

Шибҳҷазираи Қрим шашуми моҳи марти 2014 ҳамапурсӣ баргузор кард, ки дар он 96/77 дарсад аз шаҳрвандони он ба ҷудоӣ аз Украина ва пайвастан ба Русия раъйи мусбат доданд .

 

 

Барчасп