Видео: Ганҷи Қорун дар Миср пайдо шуд
Август 21, 2017 10:06 Asia/Dushanbe
Шаҳрванди мисрӣ аз устони Алмунавфия дар шимоли ин кишвар, ганҷеро ёфта, ки ба гуфтаи вай, ҳамон ганҷи Қорун аст.
Ба нақл аз Спутник, кошифи ганҷи Қорун, масоҳати минтақаи кашфшударо беш аз чаҳор гектар эълом ва таъкид кард, ки тамоми ин масоҳат, оканда аз тиллову ҷавоҳир ва осори Фиръавнӣ аст ва ин сарват, барои хариди як кишвар комил кифоят мекунад .
Кошифи ганҷи Қорун дар изои ин ганҷ, 10 дарсад аз он ба изофаи 16 миллион ҷунияи мисрӣ ва ҳамчунин медали ифтихори Нилро аз давлати Миср хостор шудааст .
Ӯ гуфтааст, ки ҳозир аст, дар сурати исбот нашудани иддаояш, 16 миллион ҷуния ғаромат ба давлат бипардозад ва бақияи умрашро дар зиндон ба сар барад .