Август 23, 2017 14:13 Asia/Dushanbe
  • Чин: Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ размоиши худро мутаваққиф кунанд

Вазорати умури хориҷаи Чин дар аввалин вокуниш ба размоиши муштараки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ аз ин ду кишвар хост, ин тамринҳоро мутаваққиф кунанд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин размоиш, ки аз рӯзи душанбе, 21-уми август ба муддати 11 рӯз идома дорад, наздик ба 70 ҳазор низомӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико ширкат кардаанд.

Чин дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки вазъият дар минтақаи нимҷазираи Корея бисёр буғранҷ ва шикананда аст ва афзоиши танишҳо ба суди ҳеҷ тарафе нест. Аз ин рӯ, ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико бояд ҳар иқдомеро, ки боиси таниш мешавад мутаваққиф кунанд.

Ҳушдор ва дархости Чин дар ҳолест, ки Кореяи Шимолӣ низ нисбат ба бурузи ҷанги атомӣ пас аз оғози ин размоиш ҳушдор додааст.

Чин пештар гуфта буд, ки агар Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ размоишҳоро мутаваққиф кунанд ва Кореяи Шимолӣ низ даст ба озмоиши мушакӣ назанад, шароит беҳбуд хоҳад ёфт ва роҳ барои музокирот боз мешавад.

Ҳамзамон расонаҳои гурӯҳии Чин, аз ҷумла “Чайна дейли” бо интишори мақолоте ба Амрико ҳамла карда ва навиштаанд, ки Вашингтон гӯши шунавое барои суханони дигар кишварҳо надорад.

Ин рӯзнома таъкид кардааст, ки Амрико дигар кишварҳо ва Чинро омили мушкилоти нимҷазираи Корея медонад ва ба камкории онҳо дар ҳалли масъала интиқод мекунад, дар ҳоле, ки таҳдиди низомӣ дар ин минтақа аз сӯйи Вашингтон сурат мегирад.

 

Барчасп