Август 23, 2017 19:06 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба иқдоми зидди русии Амрико дар судури раводид

Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, иқдоми зидди русии Амрико дар судури раводид, беасос аст.

Ба нақл аз Ирно, пас аз онки Амрико судури раводиди сафарро барои шаҳрвандони рус ба далели кам шудани шумори коркунони марокизи дипломатиаш дар Русия мутаваққиф кард, Вазорати умури хориҷаи Русия аз ин иқдоми Амрико интиқод кард .

Вазорати умури хориҷаи Русия бо судури баёнияе эълом кард, Вашингтон амдан дар ин замина барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ баҳонаҷуӣ мекунад .

Дар ин баёния омадааст, дархости Маскав барои баробар шудани шумори коркунони марокизи дипломатии Амрико бо Русия, монеи анҷоми вазоифи бахш консулӣ намешавад .

Сафорати Амрико дар Маскав аз 23 августи 2017, судури раводиди ғайримуҳоҷиратиро дар саросари Русия ба ҳоли таълиқ даровардааст .

Иқдоми Амрико ба баҳонаи коҳиши шумори коркунони сафорат ва консулгариҳои Амрико дар Русия сурат гирифтааст .

Русия 28 июли 2017 дар муқобила бо таҳримҳои ҷадиди Амрико, дастури коҳиши дипломатҳои Амрико дар Маскавро содир ва бархе амлоки дипломатии ин кишварро тавқиф кард .

 

Барчасп