Август 25, 2017 17:16 Asia/Dushanbe
  • 12 шаҳиду захмӣ бар асари инфиҷори террористӣ дар масҷиде дар Кобул

Бар асари инфиҷори террористии зуҳри имрӯз дар масҷиде дар минтақаи Хайрхонаи шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 4 тан шаҳид шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, масъулони бемористоне дар наздикии масҷиди маҳалли инфиҷор дар минтақаи Хайрхонаи шаҳри Кобул мегӯянд, то кунун чаҳор шаҳиду ҳашт захмӣ ба ин бемористон мунтақил шудааст. Аммо бархе аз ахбори таъйиднашуда аз кушта шудани 50 намозгузору ба асорат афтодани 60 нафари дигар ҳикоят дорад.

Пас аз ин инфиҷор, ки зуҳри имрӯз, ҳангоми иқомаи намози ҷумъа рӯй дод, нерӯҳои амниятӣ масҷидро муҳосира карданд ва бо муҳоҷимон, ки теъдоди онҳо ҳудуди чаҳор нафар буд, даргир шуданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, муҳоҷимон нахуст мутаваллии масҷидро гулӯлаборон карданд ва сипас вориди масҷид шуда, пас аз ин ки яке аз онҳо камарбанди инфиҷории худро мунфаҷир кард, афроди мусаллаҳ ба сӯйи намозгузорон тир парронданд.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

 

Барчасп