Вазири хориҷаи Покистон:Низомиёни афғон ба Толибон силоҳ мефурӯшанд
Дар пайи изҳороти зиддипокистонии Трамп , вазири хориҷаи Покистон неруҳои амниятии афғонро ба фурӯши силоҳ ба гурӯҳи Толибон муттаҳам кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Тасним, Хоҷа Муҳаммад Осиф-вазири хориҷаи Покистон дар гуфтугӯ бо телевизиони ин кишвар иддао кард: Толибон ҳамакнун 40 дарсад аз хоки Афғонистонро таҳти контроли худ дорад ва 90 дарсад аз ҳамлаҳои террористе, ки дар Покистон сурат гирифта дар Афғонистон барномарезӣ шудааст.
Хоҷа Осиф ҳамчунин неруҳои амниятии афғонро муттаҳам ба фурӯши силоҳ ба гурӯҳи Толибон кард.
Афғонистон ва Покистон пеш аз ин низ ҳамдигарро ба ҳимоят ва паноҳ додани гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мекарданд, аммо ин иттиҳомот бо изҳороти Доналд Трамп, ки Покистонро ба паноҳ додани террористҳо дар хоки худ муттаҳам кард, вориди марҳилаи тозае шудааст. Мақомоти афғон ҳамвора эълом кардаанд, ки Исломобод аз Толибон ҳимоятҳои молӣ ва силоҳӣ мекунад.
Дар пайи изҳороти Трамп алайҳи Покистон, Исломобод дар назар дорад барои коҳиши фишорҳои Америка, гуфтугӯҳое бо Чин, Русия, Туркия ва Арабистон дошта бошад.