Трамп: Билохира бо Русия канор меоем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22400-Трамп_Билохира_бо_Русия_канор_меоем
Раиси ҷумҳурии Амрико таъкид кард, бо вуҷуди ихтилофоти мавҷуд, давлаташ дар ниҳоят бо Русия канор меояд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 29, 2017 08:08 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Билохира бо Русия канор меоем

Раиси ҷумҳурии Амрико таъкид кард, бо вуҷуди ихтилофоти мавҷуд, давлаташ дар ниҳоят бо Русия канор меояд.

Ба гузориши “Фокс нюз”, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико аз беҳбуди муносиботи Вашингтон ва Маскав дар оянда хабар дод.

Вай дар конфронси хабарии муштарак бо раиси ҷумҳурии Финляндия дар Кохи Сафед муддаӣ шуд, бисёре аз кишварҳо таҳдиди амниятӣ барои Амрико ба шумор мераванд, аммо Русия як кишвари бузург ва қудрати ҳастаӣ аст ва беҳбуди муносибот бо ин кишвар барои Амрико зарурӣ аст.

Ба гуфтаи вай, беҳбуди муносибот байн ду кишвар метавонад барои сулҳи ҷаҳонӣ низ бисёр муҳим бошад.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар бахши дигаре аз суханонаш ёдовар шуд, ки бо вуҷуди тамоюли кишвараш ба беҳбуди равобит бо Маскав, дар сурати ҳар гуна тааррузи низомии русҳо ба минтақаи Балтика, Вашингтон ҳомии кишварҳои ин минтақа хоҳад буд.