Путин якрӯза тағйири шуғл медиҳад
Август 30, 2017 07:05 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Русия қасд дорад, аввали сентябр танҳо барои як рӯз шуғлашро иваз кунад.
Ба гузориши сойти “Спутник”, Владимир Путин раисиҷумҳури Русия, қасд дорад, якуми сентябр дар мактабе дар шаҳри Ераслав, барои донишомӯзони як синф, дарси озод баргузор кунад.
Бад-ин тартиб, Путин рӯзи аввали сентябр, ки рӯзи бозгушоии мадорис дар Русия аст, муаллим мешавад.
Ин хабарро яке аз коркунони наздик ба раёсатҷумҳурӣ дар Русия, мунташир кардааст.