Август 31, 2017 10:18 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ аъзои Толибони Афғонистонро рабуд

Афроди вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ 16 узви гурӯҳи Толибонро дар вилояти Ғур дар маркази Афғонистон рабуданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, афроди вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳристони Фирӯзкӯҳ дар устони Ғур ин афродро рабуданд.

Аз сӯи дигар бархе манобеъ мегӯянд, ин афрод замоне, ки ба самти шаҳристони Чаҳорсада дар ҳаракат буданд, аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ рабуда шуданд.

Зиёуддин Соқиб аз мақомҳои пулиси устони Ғур гуфт: Афроди рабудашуда аз сӯи ДИИШ аз наздикони Аҳмадшоҳ, муовини устондори худхондаи гурӯҳи Толибон дар устони Ғур будаанд.

Пеш аз ин низ, афроди вобаста ба гурӯҳи террористии Дииш ва гурӯҳи Толибон дар вилояти Ғур бо якдигар даргир шуда буданд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомҳои маҳаллии афғон, неруҳои амрикоӣ дар шарқи ин кишварро муттаҳам мекунанд, ки аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар даргирӣ бо Толибон ҳимоят мекунад.

 

Барчасп