Сентябр 02, 2017 10:45 Asia/Dushanbe
  • Созмон Милал ҳамалоти Амрикоро ба ғайринизомиёни Афғонистон таъйид кард

Созмони Милал ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба манотиқи маскунӣ дар вилоятҳои Лугар ва Ҳироти Афғонистонро таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон мавсум ба ЮНОМО дар баёнияе эълом кард, дар ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ҳафтаи гузаштаи Амрико дар вилоятҳои Лугар ва Ҳирот дастикам 30 ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Баёнияи намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон дар ҳолест, ки Амрико муддаӣ аст, дар ин ҳамалот фақат мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ ва Толибон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор мегиранд ва ба ғайринизомиён осебе ворид намешавад.

Намояндагии Созмони Милал дар ҳоле кушта шудани даҳҳо нафар аз ғайринизомиён дар ҳамалоти ҳавоии Амрико дар Афғонистонро таъйид кардааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар ин бора сукут кардаанд.

Бархе гузоришҳо баёнгари он аст, ки ҳамалоти ҳавоии Амрико дар як моҳи ахир дар вилояти Ҳирот ва маркази вилояти Лугар ҷони беш аз 50 ғайринизомиро гирифта ва даҳҳо захмӣ низ бар ҷой гузоштааст.

 

Барчасп