Сентябр 02, 2017 19:04 Asia/Dushanbe
  • Путин дар нишасти Маҷмаи умумии СММ ширкат намекунад

Раисиҷумҳури Русия дар нишасти ояндаи Маҷмаи умумии Созмони Милали ширкат нахоҳад кард.

Ба гузориши “Рейтерз”, расонаҳои русӣ ба нақл аз сухангӯи Владимир Путин эълом карданд, ки раисиҷумҳури Русия дар нишасти Маҷмаи умумии ин моҳи СММ дар Ню-Йорк ҳозир нахоҳад шуд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки чандин бор иқдом ба интиқод аз Созмони Милал карда дар 18 сентябр, як рӯз пеш аз суханронии расмии худ дар Созмони Милал ба думболи ҷалби ҳимояти кишварҳои дигар барои ислоҳи баданаи ин ниҳоди байналмилалӣ аст.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки Путин аз ибтидо қасди ширкат дар ин барномаро дошта ё хайр.